ИЖТ ва АМВАОМТ ба раванди пешгирифтаи бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» эътироз баён карданд

Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) ва Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) нисбат ба корбурди пешгирифтаи бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» изҳороти этирозӣ пахш намуданд. Дар санади аз ҷониби раиси ИЖТ Акбаралӣ Сатторов ва мудири АМВАОМТ Нуриддин Қаршибеков имзошуда аз такрорёбии ҳодисаҳои фишор ба рӯзноманигорон аз ҷониби садорати […]

Баҳром Маннонов



Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) ва Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) нисбат ба корбурди пешгирифтаи бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» изҳороти этирозӣ пахш намуданд.






Дар санади аз ҷониби раиси ИЖТ Акбаралӣ Сатторов ва мудири АМВАОМТ Нуриддин Қаршибеков имзошуда аз такрорёбии ҳодисаҳои фишор ба рӯзноманигорон аз ҷониби садорати бахши тоҷикии радио ва хусусияти тамоюлӣ пайдо намудани чунин амали номатлую изҳори нигаронӣ карда шудааст.





Муаллифон бе асоси воқеӣ ва бар хилофи қонунгузории ҷумҳурӣ оид ба меҳнат аз кор ронда шудани журналисти маъруф Холиқи Сангин ва ҳам акнун ба зуҳури эътироз аз сиёсати таҳмилии роҳбарияти радио, ки боиси касри шаъни рӯзноманигори тоҷик гардидааст, истеъфо рафтани рӯзноманигори шинохта, ходими собиқадори ин идора Сайёфи Мизробро мисол оварда, далолат бар он доранд, ки дар идораи радио фазои номусоиди корӣ ба вуҷуд омада, роҳбарияти он дар ҳалли ихтилофҳои дохилӣ ва муносибат бо ходимон сиёсати табъизгароиро роиҷ донистааст.





«Раёсати ИЖТ ва АМВАОМТ бидуни дахолат ба низоми кори Радио, аз ҳуқуқҳои касбӣ ва меҳнатии ҳамтоёни худ дифоъ намуда, аз раванди пешгирифтаи садорати Радио дар ҷодаи муносибат бо хабарнигорони маҳаллӣ аз номи ҷомеаи журналистии ҷумҳурӣ эътироз баён мекунад», – таъкид шудааст дар изҳорот.






 


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.