Дар Бишкек масоили истифодаи технологияҳои нав ҷиҳати коҳиши хавфи истеъмоли нашъа баррасӣ шуданд

Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Аввали ҳафта дар шаҳри Бишкек зимни баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи «Адвокатсияи коҳиши зарари истеъмоли маводи мухаддир» масоили ҷорисозии эҳёгарии ивазкунанда дар коҳиши хавфи гирифторӣ ба нашъа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз Вазорати тандурустии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар ин чорабинӣ мутахассисони Маркази […]

Мавҷуда Ҳасанова



Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Аввали ҳафта дар шаҳри Бишкек зимни баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи «Адвокатсияи коҳиши зарари истеъмоли маводи мухаддир» масоили ҷорисозии эҳёгарии ивазкунанда дар коҳиши хавфи гирифторӣ ба нашъа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.






Аз Вазорати тандурустии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар ин чорабинӣ мутахассисони Маркази назорат ва пешгирии нашъамандӣ, Маркази ҷумҳуриявии табобати касалиҳои пӯст, Маркази ҷумҳуриявии табобати бемориҳои нашъамандии ба номи Минҳоҷ Ғуломов ва Маркази муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории норасоии муҳассали масунияти (ВНМО/БНММ) вилояти Хатлон иштирок карданд.





Ба иттилои манбаъ, чорабинӣ бо мақсади шиносоӣ бо усулҳо ва таҷрибаи коҳиши зарари маводи мухддир ва муҳокимаи татбиқи минбаъдаи барномаи коҳиши зарар дар минтақаи Осиёи Марказӣ доир гардид.





«Дар мизи мудаввар перомуни истифодаи технологияҳои нав ҷиҳати коҳиши хавфи истеъмоли нашъа мубоҳисаҳо шуданд, – идома дод манбаъ. – Мутахассисон ҳамчунин оид ба механизми тозаи ташкили кор, нақши мақомоти давлатӣ дар коҳиши хавфи истеъмоли нашъа табодули афкор намуданд».





Мизи мудаввар бо ташаббуси Лоиҳаи назорати ВНМО/БНММ дар Осиёи Марказӣ созмон дода шуд. Дар он ҳамчунин намояндагони сохтори марбутаи кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ иштирок карданд.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.