Татбиқи лоиҳаи «Ташаббуси рушди водии Зарафшон» муваффақона ҷараён дорад, – мушовири Барномаи рушди СММ

Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ҷаласаи кумитаи ҳамоҳангсозӣ ва идораи лоиҳаи «Ташаббуси рушди водии Зарафшон» баргузор гардид. Мушовир оид ба иқтисоди дафтари минтақавии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар ноҳияи Айнӣ Фирӯз Ҳамидов иброз дошт, ки ҷаласа бо мақсади огоҳсозии дақиқи ҷомеа ва намояндагони мақомоти маҳаллии […]

Азим Мамадҷонов



Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ҷаласаи кумитаи ҳамоҳангсозӣ ва идораи лоиҳаи «Ташаббуси рушди водии Зарафшон» баргузор гардид.






Мушовир оид ба иқтисоди дафтари минтақавии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар ноҳияи Айнӣ Фирӯз Ҳамидов иброз дошт, ки ҷаласа бо мақсади огоҳсозии дақиқи ҷомеа ва намояндагони мақомоти маҳаллии давлатӣ бо дастовардҳои амалисозии лоиҳа ва муҳокимаи хулосаҳои баҳогузории солонаи Департаменти рушди байнулмилалии ҳукумати Бритониёи Кабир (


DFID


) доир гардид.





Ба гуфтаи ӯ, дар бораи комёбиҳои татбиқи лоиҳаҳои «Нақши шарикӣ дар идораи самараноки сармоя», «Аҳамияти шӯроҳои рушди ноҳияҳо дар ҳамоҳангсозии равандҳои рушди маҳал» ва ғайра маълумот дода шуд.





Ф.Ҳамидов инчунин изҳор дошт, ки муовини раиси шаҳри Панҷакент Зафар Атоев пешниҳод сохтааст, ки дар лоиҳа рушди соҳаи сайру саёҳат низ ба эътибор гирифта шавад, зеро водии Зарафшон маконест, ки айни замон дар он афзоиши шумораи сайёҳон ба назар мерасад.





«Тибқи баҳои ҳайати департамент, татбиқи лоиҳаи «Ташаббуси рушди водии Зарафшон» муваффақона ҷараён дорад ва таҷрибаи мазкурро Барномаи рушди СММ метавонад дар минтақаҳои дигари кишвар пурсамар истифода намояд», – афзуд Ф.Ҳамидов.





Ёдрас мекунем, ки татбиқи лоиҳаи «Ташаббуси рушди водии Зарафшон», ки аз ҷониби


DFID


молиягузорӣ мешавад, соли 2006 шурӯъ гардид. Татбиқи лоиҳаи бо мақсади паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолии ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва Панҷакенти вилояти Суғд амалӣ мегардад.

 


 




Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.