Чаҳордаҳ ҳазор нафар сокинони Суғд интизори шиносномаҳои хориҷианд

Хуҷанд. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чаҳордаҳ ҳазор сокинони вилояти Суғд дар навбати гирифтани шиносномаи хориҷӣ номнавис шудаанд. Дар нишасти матбуотӣ сардори Раёсати корҳои дохилии вилоят Абдураҳим Қаҳҳоров изҳор дошт, ки аввали соли равон 2 ҳазор дона ва сипас 4 ҳазор донаи дигар шиносномаҳои хориҷӣ дастрас гардида буданд. Мавсуф қайд кард, ки ҳафтаи оянда аз […]

Бахтиёр Валиев



Хуҷанд. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чаҳордаҳ ҳазор сокинони вилояти Суғд дар навбати гирифтани шиносномаи хориҷӣ номнавис шудаанд.






Дар нишасти матбуотӣ сардори Раёсати корҳои дохилии вилоят Абдураҳим Қаҳҳоров изҳор дошт, ки аввали соли равон 2 ҳазор дона ва сипас 4 ҳазор донаи дигар шиносномаҳои хориҷӣ дастрас гардида буданд.





Мавсуф қайд кард, ки ҳафтаи оянда аз вазорати хориҷии ҷумҳурӣ боз 12 ҳазор дона шиносномаи хориҷӣ ба вилоят оварда мешавад.





«Мувофиқи тартиб, пас аз супоридани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ бояд муддати 1 моҳ интизор шавад, – идома дод А.Қаҳҳоров. – Дар ҳолатҳои мавҷудияти сабабҳои асоснок, чун сафари хидматӣ, табобат ва таҳсил ин мӯҳлат метавонад то 10 рӯз кам карда шавад».



 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.