Коршиносони ИДМ бобати лоиҳаи эътирофи санадҳои омодасозии ҳайати корӣ дар соҳаи таъмини бехатарӣ дар саноат тавофуқ ҳосил карданд

Душанбе. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс – Коршиносони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба лоиҳаи тартиби эътирофи санадҳои омодасозии ҳайати корӣ дар соҳаи таъмини бехатарӣ дар саноат, санҷиш ва гувоҳнома додан ба кормандон тағйироту илова ворид сохта, тавофуқ ҳосил карданд. Мушовири дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ Мария Гутсало изҳор дошт, дар санад аз ҷониби ҳамаи кишварҳои узви […]

Баҳром Маннонов



Душанбе. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс – Коршиносони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба лоиҳаи тартиби эътирофи санадҳои омодасозии ҳайати корӣ дар соҳаи таъмини бехатарӣ дар саноат, санҷиш ва гувоҳнома додан ба кормандон тағйироту илова ворид сохта, тавофуқ ҳосил карданд.






Мушовири дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ Мария Гутсало изҳор дошт, дар санад аз ҷониби ҳамаи кишварҳои узви ИДМ риояи меъёрҳои мувофиқашудаи таъмини бехатарии кор дар саноат, тартиби иҷозати коргарон ба кор, истифодаи механизмҳо ва таҷҳизот дар иншооти истеҳсолии хатарнок пешбинӣ шудааст.







Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо ӯхдадор мешаванд, ки санадҳои ҳамдигарро, ки аз тарафи мақомоти ваолатдори кишварҳо дода шудааст, эътироф намоянд ва зимни кор дар кишвари дигар мутахассиси дорои чунин санад бидуни тасдиқи сатҳи тахассусии худ ҳуқуқи кор карданро соҳиб мешавад.





«Дар ҳамин ҳол, муқаррароти ин созишнома ба мақомоти ваколатдори сатҳи миллии муайян кардани сатҳи тахассусии кормандон дахл надорад ва онҳо дар ин кор мустақилона амал мекунанд», – таъкид сохт М.Гутсало.





Пас аз мувофиқасозии ниҳоӣ лоиҳа ба баррасии ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ пешниҳод мегардад.




Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.