Пагоҳ президент ба Хоруғ меравад

Хоруғ. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон (ВМКБ) ба истиқболи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонов ҳамаҷониба омодагӣ мегиранд. Аз маъмурияти раиси вилоят ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки ҷиҳати омодасозии сафари президент роҳбарони ва намояндагони қариб тамоми вазорату муассисоти ҷумҳурӣ дар вилоят қарор доранд. «Ҳадафи боздид шиносоии бевосита бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии […]

Шонаврӯз Афзалшоев



Хоруғ. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон (ВМКБ) ба истиқболи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонов ҳамаҷониба омодагӣ мегиранд.






Аз маъмурияти раиси вилоят ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки ҷиҳати омодасозии сафари президент роҳбарони ва намояндагони қариб тамоми вазорату муассисоти ҷумҳурӣ дар вилоят қарор доранд. «Ҳадафи боздид шиносоии бевосита бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақа аст», – изҳор дошт манбаъ.





Зимни сафар сарвари давлат аз ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ боздид намуда, бо рафти корҳо дар соҳаи кишоварзӣ, истифодаи заминҳо, сохтмони як қатор иншооти таъиноти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аз наздик ошно мегардад.





Дар шаҳри Хоруғ Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ шинос гардида, ба таҳкурсии бунёди бинои гимназияи президентӣ хишти аввал мегузорад ва дар маросими ифтитоҳи маркази савдо ширкат меварзад.





«Сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи варзишгоҳи таҷдидшудаи шаҳри Хоруғ иштирок намуда, ният дорад, дар он ҷо бо сокинони шаҳр мулоқот доир кунад ва пас аз он дар варзишгоҳ намоишномаи театрикунонидашуда ва консерт баргузор мешавад, – хабар доданд аз маъмурияти раиси вилоят. – Дар анҷоми сафар Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилоят ҷаласаи васеъ доир месозад, ки дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят дар нимсолаи аввал мавриди баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳои минбаъда муайян карда хоҳанд шуд».






 


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.