Дар мактаби нави Хуҷанд аз ҷараёни таълим бо дастгоҳи видео назорат мекунанд

Date:



Хуҷанд. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ба наздикӣ дар шаҳри Хуҷанд гимназияи ғайридавлатии «Пайммони Азизон» дарҳояшро ба рӯи толибилмон боз мекунад, ки дар он аз ҷараёни таълим тавассути дастгоҳи видео назорат бурда мешавад.






Мудири гимназия Абдуҷаббор Ғанизода ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки муассиси гимназия соҳибкор Абдуаҳад Пӯлодов аст ва дар марҳилаи аввал дар он 500 нафар толибилмон бо таҳсил фаро гирифта мешаванд. Таълим бо забонҳои русиву тоҷикӣ аз синфи 1 то 11 сурат мегирад.





«Дар гимназия толори варзишӣ, ошхона, озмоишгоҳи кимиёвӣ ва синфхонаи компютерӣ бо 16 компютер мавҷуд аст», – гуфт мудир ва афзуд, ки синфхонаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти назорати видеоӣ муҷаҳҳаз мегарданд, ки он имкон фароҳам месозад, аз ҷараёни таълиму фаъолияти омӯзгорон ва дониши хонандагон мунтазам назорат бурда шавад.





«Аз синфи якум ба хонандагон дарсҳои иловагии омӯзиши забони русиву англисӣ ва компьютер гузаронида мешаванд, – идома дод А.Ғанизода. – Аз рӯи натиҷаҳои ҳар нимсола ба толибилмони пешқадам идрорпулӣ муқаррар карда мешавад».





Вай баён дошт, ки рӯзҳои наздик аз рӯи низоми тестии интихоб қабули ҳуҷҷатҳои довталабон шурӯъ мешавад.





Дар ҳамин ҳол, сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Саидмухтор Ҷалолов мегӯяд, ки дар шимоли кишвар гимназияи мазкур 10-умин таълимгоҳи ғайридавлатӣ аст.



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...