Дар минтақаи Кӯлоб сандуқи қарзии «Агроинвестбонк» тақрибан ду баробар афзуд

Кӯлоб. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаш моҳи соли 2008 шӯъбаҳои «Агроинвестбонк» дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба андозаи 25 млн. 529 ҳазор сомонӣ қарз доданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан ду баробар зиёд аст. Мудири шӯъбаи бонк дар Кӯлоб Сайфиддин Қадамов изҳор дошт, ки 63 фоизи мабалғҳои қарзӣ ба хоҷагиҳои […]

Турко Дикаев



Кӯлоб. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаш моҳи соли 2008 шӯъбаҳои «Агроинвестбонк» дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба андозаи 25 млн. 529 ҳазор сомонӣ қарз доданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан ду баробар зиёд аст.






Мудири шӯъбаи бонк дар Кӯлоб Сайфиддин Қадамов изҳор дошт, ки 63 фоизи мабалғҳои қарзӣ ба хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор ихтисос дода шудаанд.





«Шӯъбаи бонк дар минтақа фаъолияти 219 хоҷагиҳои пахтакорро, ки 9 ҳазору


660 гектар

майдони кишти пахта доранд, аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ мекунад», – гуфт ӯ ва афзуд, ки аз хоҷагиҳои пахтакор ҷиҳати молиягузорӣ ба маблағи 17 млн. сомонӣ дархост пешниҳод шудааст, ки 12 млн. аз он аллакай ҷудо гардидаанд.





Ба қавли ӯ, дар минтақа эътимоду боварӣ ба «Агроинвестбонк» миёни муҳоҷирони меҳнатӣ меафзояд ва дар нимсолаи аввал ба оилаҳои муҳоҷирон 28 млн. доллари амрикоӣ ва 43 млн. рубли русӣ маблағҳои пулӣ дода шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 90 фоиз бештар аст.





Барои осонии дастрас кардани маблағ дар деҳаҳои дурдасти минтақа 6 нуқтаи гирифтани маблағҳои пулӣ ифтитоҳ гардидааст.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.