Буҷаи Конибодом ба иллати аз фаъолият бозмондани як қатор корхонаҳои саноатӣ ҳудуди 418 сомонӣ зарар дид

Конибодом. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ба буҷаи Конибодом маблағҳои иловагӣ ворид нагардиданд. Бо вуҷуди он ки дар маҷмӯъ истеҳсоли маҳсулот 107,4 фоизро ташкил дода бошад ҳам, ба иллати аз фаъолият бозмондани се корхонаи саноатии шаҳр истеҳсоли маҳсулоти дигар ба маблағи 3 млн. 483 ҳазор сомонӣ таъмин нагардида, буҷаи маҳаллӣ ба миқдори 417,9 ҳазор сомонӣ […]

Акмал Алиев



Конибодом. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ба буҷаи Конибодом маблағҳои иловагӣ ворид нагардиданд. Бо вуҷуди он ки дар маҷмӯъ истеҳсоли маҳсулот 107,4 фоизро ташкил дода бошад ҳам, ба иллати аз фаъолият бозмондани се корхонаи саноатии шаҳр истеҳсоли маҳсулоти дигар ба маблағи 3 млн. 483 ҳазор сомонӣ таъмин нагардида, буҷаи маҳаллӣ ба миқдори 417,9 ҳазор сомонӣ зарар дидааст.






«Ҷамъияти саҳомии (ҶС) «Ассор» (истеҳсоли равғани пахта») бо сабаби набудани ашёи хом, ҶС «Ирам» (истеҳсоли маҳсулоти консерваву равғани пахта) ба иллати иваз шудани раиси корхона ва корхонаи муштараки «Равот-Адрия» (истеҳсоли машрубот) бо сабаби адами маблағҳои гардон аз фаъолият бозмондаанд», – иттилоъ доданд ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи саноати мақомоти шаҳрдорӣ.





«Мақомоти роҳбарии шаҳр ҷиҳати ҳалли мушкилоти ин се корхона ва ҳамчунин коҳиши маблағи қарзҳои корхонаҳои саноатӣ, ки 20 ҳазор сомонӣ

 

аз музди меҳнат ва 304 ҳазор сомонӣ аз андоз иборатанд, тамоми чораҳоро меандешад», – идома дод сарчашма ва афзуд, ки қарзҳои андоз беш аз 157 ҳазор сомонӣ ба ҶС «Ҳабиб» (корхонаи пахтатозакунӣ) ва 98 ҳазор сомонӣ ба ҶС «Конибодом» (комбинати консерва) рост меоянд.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.