Дар ноҳияи Мӯъминобод МТС-и қарни ХХ-ро аз нав барқарор сохтанд

Кӯлоб. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар деҳаи Диндӯстони ноҳияи Мӯъминобод коргоҳи хизматрасонии мошинҳову тракторҳо, ки дар қарни гузашта бо исми МТС маъруф буд, ташкил гардид. Мувофиқи фармоиш он ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва иҷоракорони хусусӣ дар қаламрави ноҳия хизматрасонии гуногун тавассути техникаи кишоварзиро пешниҳод менамояд. Роҳбари коргоҳ Ҷамшед Мирзоев ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор […]

Турко Дикаев



Кӯлоб. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар деҳаи Диндӯстони ноҳияи Мӯъминобод коргоҳи хизматрасонии мошинҳову тракторҳо, ки дар қарни гузашта бо исми МТС маъруф буд, ташкил гардид. Мувофиқи фармоиш он ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва иҷоракорони хусусӣ дар қаламрави ноҳия хизматрасонии гуногун тавассути техникаи кишоварзиро пешниҳод менамояд.






Роҳбари коргоҳ Ҷамшед Мирзоев ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки «зиндагӣ маҷбур сохт, ки гузаштаро ба хотир орем».





Ба гуфтаи ӯ, соҳибони хусусии техникаҳои кишоварзӣ корҳоро бо қиммати хеле гарон иҷро мекунанд, ки он боиси аз кор дар замин дилхунук гаштани деҳқонон мегардад ва фоида хароҷотро намепӯшонад.





«Мо барои ҷуфти як гектар замин 228 сомонӣ маблағ мегирем, ки ҳам барои мо ва ҳам кишоварзон қулай аст ва аллакай ба коргоҳ эҳтиёҷмандон муроҷиат мекунанд», – идома дод ӯ.





Коргоҳ аз ҷониби собиқ механизаторон, соҳибкорон ва тоҷирон таъсис ёфта, дорои 10 техникаи кишоварзӣ аст.





«Мо ният дорем, ки комбайнҳои ғалладарави пуриқтидор дастрас намоем, зеро 70 фоизи ҳосили зироати ғалладона бо сабаби баланд будани арзиши техникаҳои ҳосилғундори хусусӣ ба таври дастӣ ҷамъоварӣ карда мешавад», – афзуд Ҷ.Мирзоев.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.