Дар Қӯрғонтеппа ташхисгари тиббии судӣ барои порагирӣ боздошт гардид

Қӯрғонтеппа. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳангоми порагирӣ корманди Маркази ташхиси тиббиву судии вилояти Хатлон Алиҷон Юлдошев боздошт гардид. Аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ӯ аз шаҳрванд Чорӣ Қурбонов ба миқдори 600 сомонӣ ришва ситониданӣ будааст. Ба иттилои манбаъ, ташхисгар […]

Сайраҳмон Назриев




Қӯрғонтеппа. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳангоми порагирӣ корманди Маркази ташхиси тиббиву судии вилояти Хатлон Алиҷон Юлдошев боздошт гардид.








Аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ӯ аз шаҳрванд Чорӣ Қурбонов ба миқдори 600 сомонӣ ришва ситониданӣ будааст.







Ба иттилои манбаъ, ташхисгар ба Ч.Қурбонов ваъда додааст, ки ба ивази маблағи додааш санади хулосаи ташхиси тиббии судиро ба шакли барои ӯ зарурӣ таҳия хоҳад сохт.







«Айни замон ташхисгар ба ҳабс гирифта шуда, нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст», – афзуд сарчашма.




Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.