Дар мактаби нави Хуҷанд аз ҷараёни таълим бо дастгоҳи видео назорат мекунанд

Хуҷанд. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ба наздикӣ дар шаҳри Хуҷанд гимназияи ғайридавлатии «Пайммони Азизон» дарҳояшро ба рӯи толибилмон боз мекунад, ки дар он аз ҷараёни таълим тавассути дастгоҳи видео назорат бурда мешавад. Мудири гимназия Абдуҷаббор Ғанизода ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки муассиси гимназия соҳибкор Абдуаҳад Пӯлодов аст ва дар марҳилаи аввал дар он […]

Бахтиёр Валиев



Хуҷанд. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ба наздикӣ дар шаҳри Хуҷанд гимназияи ғайридавлатии «Пайммони Азизон» дарҳояшро ба рӯи толибилмон боз мекунад, ки дар он аз ҷараёни таълим тавассути дастгоҳи видео назорат бурда мешавад.






Мудири гимназия Абдуҷаббор Ғанизода ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки муассиси гимназия соҳибкор Абдуаҳад Пӯлодов аст ва дар марҳилаи аввал дар он 500 нафар толибилмон бо таҳсил фаро гирифта мешаванд. Таълим бо забонҳои русиву тоҷикӣ аз синфи 1 то 11 сурат мегирад.





«Дар гимназия толори варзишӣ, ошхона, озмоишгоҳи кимиёвӣ ва синфхонаи компютерӣ бо 16 компютер мавҷуд аст», – гуфт мудир ва афзуд, ки синфхонаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти назорати видеоӣ муҷаҳҳаз мегарданд, ки он имкон фароҳам месозад, аз ҷараёни таълиму фаъолияти омӯзгорон ва дониши хонандагон мунтазам назорат бурда шавад.





«Аз синфи якум ба хонандагон дарсҳои иловагии омӯзиши забони русиву англисӣ ва компьютер гузаронида мешаванд, – идома дод А.Ғанизода. – Аз рӯи натиҷаҳои ҳар нимсола ба толибилмони пешқадам идрорпулӣ муқаррар карда мешавад».





Вай баён дошт, ки рӯзҳои наздик аз рӯи низоми тестии интихоб қабули ҳуҷҷатҳои довталабон шурӯъ мешавад.





Дар ҳамин ҳол, сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Саидмухтор Ҷалолов мегӯяд, ки дар шимоли кишвар гимназияи мазкур 10-умин таълимгоҳи ғайридавлатӣ аст.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.