Дар нимсолаи аввал сатҳи таваррум дар Тоҷикистон ба 8,28 фоиз расид

Душанбе. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нимсолаи аввали соли 2008 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон ба 8,28 фоиз расид. Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон, суръати миёнаи моҳонаи таваррум дар бахши истеъмолӣ 1,38 фоизро ташкил додааст ва ин дар ҳолест, ки ин нишондиҳанда соли гузашта ба 0,58 фоиз баробар буд. Аз оғози соли ҷорӣ нархҳои […]

Виктория Наумова



Душанбе. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нимсолаи аввали соли 2008 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон ба 8,28 фоиз расид.






Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон, суръати миёнаи моҳонаи таваррум дар бахши истеъмолӣ 1,38 фоизро ташкил додааст ва ин дар ҳолест, ки ин нишондиҳанда соли гузашта ба 0,58 фоиз баробар буд.





Аз оғози соли ҷорӣ нархҳои маводи ғизоӣ 8,8 фоиз, маводи ғайриғизоӣ 2,6 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 18,2 фоиз боло рафтаанд.





Ёдрас мекунем, ки 28-уми майи соли равон дар ҷаласаи ҳукумати ҷумҳурӣ лоиҳаи Дурнамои сиёсати молиявӣ ва қарзии Тоҷикистон барои соли 2008 маъқул шуморида шуд, ки тибқи он соли ҷорӣ нигоҳ доштани сатҳи таваррум ба миқдори 15 фоиз ва таъмини рушди истеҳсолот ба андозаи 7 фоиз пешбинӣ шудааст.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.