Ҳимоятгарони М.Орифов ба додгоҳ ҳозир намешаванд ва мурофиаи таҷдиди назари аризаи шикоятиро кашол медиҳанд, – раиси Додгоҳи Олии ҶТ

Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Баррасии аризаи шикоятии таҷдиди назари ҳукми додгоҳ нисбат ба мудири кулли корхонаи муштараки тоҷикиву ҳолландии «М&Р» Маъруф Орифов, ки шабакаҳои мағозаҳои «Орима» ба он таллуқ доранд, бо айби ҳимоятгарони ӯ кашол меёбад», – изҳор дошт дар нишасти матбуотӣ раиси Додгоҳи Олии ҶТ Нусратулло Абдуллоев. Ба гуфтаи ӯ, ҷониби ҳимоят […]

Наргис Ҳамробоева



Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Баррасии аризаи шикоятии таҷдиди назари ҳукми додгоҳ нисбат ба мудири кулли корхонаи муштараки тоҷикиву ҳолландии «М&Р» Маъруф Орифов, ки шабакаҳои мағозаҳои «Орима» ба он таллуқ доранд, бо айби ҳимоятгарони ӯ кашол меёбад», – изҳор дошт дар нишасти матбуотӣ раиси Додгоҳи Олии ҶТ Нусратулло Абдуллоев.






Ба гуфтаи ӯ, ҷониби ҳимоят барои ҳозир нашудан ба додгоҳ сабабҳои гуногун пеш меорад. Н.Абдуллоев ёдовар шуд, ки айбдоршаванда ба напардохтани андоз ба маблағи беш аз 1,5 млн. сомонӣ ва порадиҳӣ ба корманди воҳиди иқтисодии Кумитаи амнияти миллии ҶТ ба андозаи 10 ҳазор доллари амрикоӣ гунаҳкор дониста шудааст. «Ҳамчунин дар анборҳои корхона далелҳои рӯйпӯш сохтани маҳсулоти мӯҳлати истеъмолаш гузашта ва бесифат ошкор гардида буданд», – гуфт Н.Абдуллоев.





Ёдрас мекунем, ки моҳи апрели соли 2008 Додгоҳи Олии ҶТ М.Орифовро ба мӯҳлати 8,5 сол бо гузаронидани мӯҳлати ҷазо дар маҳбаси низомаш шадид аз озодӣ маҳрум сохта мусодираи моли ӯро қарор карда буд.







Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.