Дар Душанбе тарҳи Кодекси ахлоқи касбии рӯзноманигоронро баррасӣ мекунанд

Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе мизи мудавар оид ба баррасии тарҳи Кодекси ахлоқи касбии рӯзноманигорон баргузор мешавад. Чорабинии мазкурро иттиҳодияи ҷамъиятии «Иттилоот ва муошират» ва департаменти иттилооти вазорати корҳои хориҷии ҶТ созмон медиҳанд. Ёдрас мекунем, ки дар мизи мудаввар инчунин лоиҳаи «Савганди рӯзноманигор» низ мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт. Дар […]

Виктория Наумова



Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе мизи мудавар оид ба баррасии тарҳи Кодекси ахлоқи касбии рӯзноманигорон баргузор мешавад.






Чорабинии мазкурро иттиҳодияи ҷамъиятии «Иттилоот ва муошират» ва департаменти иттилооти вазорати корҳои хориҷии ҶТ созмон медиҳанд.





Ёдрас мекунем, ки дар мизи мудаввар инчунин лоиҳаи «Савганди рӯзноманигор» низ мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт. Дар лоиҳаи «Савганди рӯзноманигор» аз ҷумла гуфта мешавад, ки бо касби вазифаи рӯзноманигорӣ ва оғози фаъолият шаҳрванд бояд ҳамеша ва комилан масъулиятро назди ҷомеа ҳис намояд, ба муттаҳамкунии беасос, тақаллубкории санадҳо, таҳрифи далоил ва плагиат роҳ надода, танҳо он иттилоотеро пахш созад, ки ба эътимоднокии он мутмаин аст.





Моҳи феврали соли 2007 дар шаҳри Душанбе семинар ва тренинги дурӯза дар мавзӯи «Кодекси ахлоқи рафтори рӯзноманигор: меъёрҳои байнулмилалӣ ва масоили ахлоқи касбии рӯзноманигор дар Тоҷикистон» доир гардид.





Он замон рӯзноманигорон ба чунин хулосае расида буданд, ки Кодекси ахлоқ зарур аст, вале лоиҳа ҳам аз лиҳози шакл ва ҳам аз лиҳози мундариҷа коркарди ҷиддиро тақозо мекунад.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.