Собиқ президенти Бонки рушди Осиё аз олам даргузашт

Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Токио собиқ президенти Бонки рушди Осиё (БРО) Тадао Чино дар синни 74-солагӣ аз олам даргузашт. Сарёвари маъмурии намояндагии БРО дар Тоҷикистон Татяна Евстифеева ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки Т.Чино пас аз таъин шудан ба мансаби президенти бонк, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатиро роҳандозӣ сохта, онро яке аз […]

Баҳром Маннонов




Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Токио собиқ президенти Бонки рушди Осиё (БРО) Тадао Чино дар синни 74-солагӣ аз олам даргузашт.








Сарёвари маъмурии намояндагии БРО дар Тоҷикистон Татяна Евстифеева ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки Т.Чино пас аз таъин шудан ба мансаби президенти бонк, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатиро роҳандозӣ сохта, онро яке аз ҳадафҳои асосии бонк қарор додааст.







Илова бар ин, таҳти роҳбарии Т.Чино соли 2000 Стратегияи БРО оид ба рушди бахши соҳибкории хусусӣ қабул гардида, сохтори бонк аз нав ташкил шудааст ва сиёсати ифтитоҳу ба роҳ мондани фаъолияти намояндагиҳои бонк дар кишварҳои гуногун муваффақона ба анҷом расидааст.







«Дар мақоми президенти бонк Т.Чино се маротиба аз Тоҷикистон боздид карда, ҳамроҳи сарвазири ҶТ Оқил Оқилов моҳи ноябри соли 2003 намояндагии БРО-ро дар Тоҷикистон расман ифтитоҳ намудааст», – изҳор дошт Т.Евстифеева.








 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.