Дар Тоҷикистон музди меҳнати кормандони соҳаи алоқа ва молия баландтарин аст

Душанбе. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар моҳи апрели соли ҷорӣ музди миёнаи меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисоди Тоҷикистон 219,96 сомониро ($64,3) ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39,8 фоиз бештар мебошад. Муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Субҳониддин Ашӯров дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки музди меҳнати миёнаи баландтарин дар […]

Баҳром Маннонов



Душанбе. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар моҳи апрели соли ҷорӣ музди миёнаи меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисоди Тоҷикистон 219,96 сомониро ($64,3) ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39,8 фоиз бештар мебошад.






Муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Субҳониддин Ашӯров дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки музди меҳнати миёнаи баландтарин дар шаҳри Душанбе (471,09 сомонӣ) ба қайд гирифта шудааст.





Ба гуфтаи ӯ, дар соҳаи истеҳсоли неъматҳои моддӣ музди меҳнати миёнаи баландтарин дар соҳаи алоқа (568,83 сомонӣ) буда, пасттарин дар соҳаи хоҷагии ҷангал ва кишоварзӣ (мутаносибан 54,77 ва 56,60 сомонӣ) аст.





«Дар соҳаи ғайриистеҳсолӣ музди меҳнати баландтаринро (1 ҳазору 15 сомонӣ) кормандони соҳаи андоз ва молия мегиранд», – зикр кард ӯ.





Муовини вазир баён дошт, ки айни замон дар Тоҷикистон 530 ҳазор нафақахӯрон ба сар мебаранд, шумораи нафарони машғули кор 784 ҳазорро ташкил медиҳад. «Дар сурати аз рӯи меъёрҳои байнулмилалӣ ба 1 нафақахӯр рост омадани 4 коргар чунин ҳолат он қадр мусоид нест, зеро дар Тоҷикистон ин таносуб қариб «як ба як» аст», – афзуд ӯ.

 




Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.