Вазири фарҳанг: Барои гузаштан ба хати арабиасос солҳои зиёд лозим аст

Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Барои гузаштан ба хати арабиасос солҳои зиёд лозим аст ва он бояд тибқи барномаи махсус ва омода кардани мардум баргузор гардад», – изҳор дошт дар нишасти матбуотӣ вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ.Ба назари ӯ, ин масъала танҳо бо имзои қароре ё фармоне амалӣ нахоҳад гашт. «Ман бо боварии комил […]

Далери Ғуфрон



Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Барои гузаштан ба хати арабиасос солҳои зиёд лозим аст ва он бояд тибқи барномаи махсус ва омода кардани мардум баргузор гардад», – изҳор дошт дар нишасти матбуотӣ вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ.Ба назари ӯ, ин масъала танҳо бо имзои қароре ё фармоне амалӣ нахоҳад гашт.






«Ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки дар Тоҷикистон ҳудуди 90-95 фоизи аҳолӣ бо хати арабӣ хондаву навишта наметавонанд ва ин омил бояд ҳатман ба назар гирифта шавад», – изҳор дошт вазир ва афзуд, ки омӯзиши хати арабӣ бояд дар нақшаҳои таълимии мактабҳо пешбинӣ карда шавад.





Дар ҳамин ҳол, М.Асрорӣ зикр кард, ки гузариш ба хати арабиасос ба фарҳанг низ таъсир хоҳад гузошт, ки «бар асари он симои фарҳанг низ дигаргун хоҳад гашт».





Мавсуф ҳамчунин баён дошт, ки ба муносибати таҷлили ҷашни 1150-умин солгарди одамушшуаро Абӯабдуллои Рӯдакӣ рӯзҳои наздик дар Туркия ва Русия бо забонҳои тоҷикӣ (бо хати кириллӣ ва арабӣ), русӣ ва англисӣ китобҳои тоза ба табъ мерасанд, ки ба ҳаёту эҷодиёти шоир бахшида шудаанд.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Ҷумҳурӣ воқеан метавонад дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир бошад, аммо ин ҷо як нозукӣ вуҷуд дорад...

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.