Минтақаи Шарқи Дури Русия дар Хуҷанд иттиҳодияи истеҳсолкунандагон таъсис медиҳад

Хуҷанд. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Доираҳои тиҷоратии минтақаи Шарқи Дури Русия дар шимоли Тоҷикистон Иттиҳодияи истеҳсолкунандагон ва таъминкунадагони маҳсулоти рақобатпазир таъсис медиҳанд. Роҳбари гурӯҳи ташаббускори созмондиҳандагони ин иттиҳодия, сокини шаҳри Владивосток Александр Емелянов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки фаъолияти созмон ба содироти маҳсулоти зарурии истеҳсолкунандагони Суғд ба Шарқи Дур нигаронида хоҳад шуд. Ба […]

Бахтиёр Валиев



Хуҷанд. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Доираҳои тиҷоратии минтақаи Шарқи Дури Русия дар шимоли Тоҷикистон Иттиҳодияи истеҳсолкунандагон ва таъминкунадагони маҳсулоти рақобатпазир таъсис медиҳанд.






Роҳбари гурӯҳи ташаббускори созмондиҳандагони ин иттиҳодия, сокини шаҳри Владивосток Александр Емелянов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки фаъолияти созмон ба содироти маҳсулоти зарурии истеҳсолкунандагони Суғд ба Шарқи Дур нигаронида хоҳад шуд.





Ба гуфтаи ӯ, иттиҳод тибқи барномаҳои мақсаднок ва лоиҳаҳои миллӣ аз буҷаи давлатии Русия маблағгузорӣ мешавад.





«Иттиҳодия пас аз ба имзо расидани протоколи нияти узвият аз ҷониби ҶДММ КМ «Текстил Сити», ҶС «Сирандуд», «Зиннат», «Пойафзоли Хуҷанд», «Комбинати истеҳсоли консерв», ҶСП «К-З», КМ «Хуҷанд-Пакижинг» ва ҶСП «САТН» таъсис меёбад, – гуфт А.Емелянов. – Як қатор истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ нияти узвият ба иттиҳодияро доранд».





Мавсуф афзуд, ки минтақаи Шарқи Дур ба маҳсулоти корхонаҳои зикргардида ниёз дорад. «Оиннномаи иттиҳодия ҷиҳати тасдиқ ба раёсати адлияи вилояти Суғд пешниҳод гардида, масоили ҳуқуқии ташкили чорабиниҳои тадорукотӣ ба дӯши ширкати ҳуқуқии шаҳри Хуҷанд «Фемида вогузор шудааст», – зикр кард дар анҷоми мусоҳиба А.Емелянов.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.