Дар Кӯлоб майдони як гектар замин барои сохтмони тарзи ипотека ҷудо карда шуд

Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бо қарори мақомоти иҷроияи ҳукумати шаҳри Кӯлоб майдони як гектар замин барои сохтмони тарзи ипотека ҷудо карда шуд. Мири шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ки иҷрои корҳои сохтмонии маҳаллаи аҳолинишини биноҳои истиқоматии баландошёнаро муассисаи «Кӯлобдеҳсохтмон» ба зимма гирифтааст. Ба қавли мири шаҳр, мувофиқи пешбинии нақшаи генералӣ соли 2025 аҳолии шаҳри Кӯлоб […]

Турко Дикаев


Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бо қарори мақомоти иҷроияи ҳукумати шаҳри Кӯлоб майдони як гектар замин барои сохтмони тарзи ипотека ҷудо карда шуд.




Мири шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ки иҷрои корҳои сохтмонии маҳаллаи аҳолинишини биноҳои истиқоматии баландошёнаро муассисаи «Кӯлобдеҳсохтмон» ба зимма гирифтааст.



Ба қавли мири шаҳр, мувофиқи пешбинии нақшаи генералӣ соли 2025 аҳолии шаҳри Кӯлоб ба 250 ҳазор нафар мерасад ва айни замон аллакай талабот ба манзили зист афзудааст. Аз ин рӯ мебояд аз тамоми имконот истифода намуд.



Мавсуф изҳор дошт, ки беш аз 3000 сокинони шаҳр оид ба ҷудо кардани қиътаи замин ба мақомот муроҷиат кардаанд ва айни замон ҳамаи корҳои омодагӣ барои ба гурӯҳи нахустин ҷудо кардани замин ҷиҳати бунёди манзили зист ба анҷом расидаанд.



Раиси шаҳри Кӯлоб таъкид сохт, ки имрӯз барои ҳама замин басанда нест ва санҷиш ҳам ошкор сохтааст, ки аксари бо ариза муроҷиаткардагон низ имконоти молиявии мустақилона сохтани манзили зистро надоранд.



«Онҳоро лозим аст ба сохтмони тарзи ипотека кор гиранд, зеро дар он пешниҳоди қарз барои пардохти арзиши манзили зист пешниҳод мегардад», – афзуд ӯ.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.