Қарзи хориҷии Тоҷикистон ба $1,2 млрд. баробар аст

Душанбе. 26-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки айни замон қарзи хориҷии Тоҷикистон 1,2 млрд. долларро ташкил медиҳад. «Имрӯз ҳамаи қарзҳо мувофиқи мӯҳлат ва нақшаи пешбинишуда пардохта мешаванд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки инчунин фоизҳои қарз низ саривақт пардохта мешаванд. Мавсуф ҳамчунин зикр кард, […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 26-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки айни замон қарзи хориҷии Тоҷикистон 1,2 млрд. долларро ташкил медиҳад.




«Имрӯз ҳамаи қарзҳо мувофиқи мӯҳлат ва нақшаи пешбинишуда пардохта мешаванд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки инчунин фоизҳои қарз низ саривақт пардохта мешаванд.



Мавсуф ҳамчунин зикр кард, ки Тоҷикистон имрӯз қодир аст пардохти воситаҳои қарзиро дар мӯҳлати муайянгардида мувофиқи шартномаҳои мавҷуда таъмин созад.



С.Наҷмиддинов изҳор дошт, ки қарзҳои гирифтаи ду соли ахир, қабл аз ҳама, барои рушди соҳаи энергетика, нақлиёт, сохтмони роҳҳо, таъмини амнияти ғизоӣ ва қисман ба тараққии соҳаҳои маорифу тандурустӣ истифода шуданд.



Ёдрас мекунем, ки қарзи хориҷии Тоҷикистон ба санаи 1-уми апрели соли 2008 $1 млрд. 223 миллионро ташкил медод.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.