Дар нимсолаи аввал ба соҳаи иҷтимоии кишвар 800 млн. сомонӣ маблағҳои буҷавӣ равона гардиданд

Душанбе. 26-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нимсолаи аввал ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 6,5 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,8 дарсад бештар аст. Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки сатҳи таваррум ба 5,8 дарсад баробар аст. Ба гуфтаи ӯ, муомилоти молии хориҷии […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 26-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нимсолаи аввал ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 6,5 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,8 дарсад бештар аст.




Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки сатҳи таваррум ба 5,8 дарсад баробар аст.



Ба гуфтаи ӯ, муомилоти молии хориҷии кишвар дар нимсолаи аввал $2 млрд. 326 миллионро ташкил дод, ки ҳиссаи содирот ба $790 млн. ва воридот ба $1 млрд. 536 млн. баробар аст ва ин дар ҳолест, ки қисмати даромади буҷа ба андозаи 16 дарсад зиёдтар иҷро шуда, 1,6 млрд. сомониро ташкил медиҳад.



Мавсуф зикр кард, ки қисмати хароҷоти буҷа ба 1,8 млрд. сомонӣ (90 дарсади нақша) баробар буда, дар нимсолаи аввал ба соҳаи иҷтимоии кишвар 800 млн. сомонӣ маблағҳои буҷавӣ равона гардиданд.



«Маблағгузорӣ ба соҳаи сохтмон 112 млн. сомониро ташкил дода, ҷиҳати иҷрои корҳои сохтмонӣ дар нақбҳои «Истиқлол», «Шар-Шар» ва «Чормағзак, купрӯкҳо дар дарёи Панҷ, кашидани хати интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол», «Лолазор-Хатлон» ва сохтмони

 

нерӯгоҳҳои «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» истифода шуданд», – афзуд С.Наҷмиддинов.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.