Президенти Русия ба Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон меояд

Душанбе. 26-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Наталя Бессонова изҳор дошт, ки охири моҳи августи соли равон зимни сафари расмӣ ба Тоҷикистон президенти Русия Дмитрий Медведев аз донишгоҳи мазкур боздид хоҳад кард. Ба қавли ӯ, Д.Медведев дар маросими ифтитоҳи маркази «Ҷаҳони русӣ» (Русский мир) иштирок хоҳад намуд. «Маркази номбурда дар […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 26-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Наталя Бессонова изҳор дошт, ки охири моҳи августи соли равон зимни сафари расмӣ ба Тоҷикистон президенти Русия Дмитрий Медведев аз донишгоҳи мазкур боздид хоҳад кард.




Ба қавли ӯ, Д.Медведев дар маросими ифтитоҳи маркази «Ҷаҳони русӣ» (Русский мир) иштирок хоҳад намуд. «Маркази номбурда дар назди китобхонаи донишгоҳ боз мегардад», – зикр кард мавсуф.



Ёдрас мекунем, ки Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бо қарори ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия соли 1996 таъсис дода шуда, дар муддати кӯтоҳ ба яке аз мактаби олии бонуфузи ҷумҳурӣ табдил ёфт.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.