Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба мулоқот бо ҳамтоҳои кишварҳои форсизабон ба Теҳрон меравад

Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Фардо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар мулоқоти навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои форсизабон ба Теҳрон меравад. Аз сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Эрону Афғонистон дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Бино ба […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Фардо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар мулоқоти навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои форсизабон ба Теҳрон меравад.




Аз сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Эрону Афғонистон дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.



Бино ба иттилои манбаъ, Ҳамрохон Зарифӣ, Манучеҳр Муттақӣ ва Рангин Додфар Спанта масоили ҷараёни омодагии боздиди сарони кишварҳоро, ки баргузории он соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар назар аст, ҳаллу фасл хоҳанд кард.



Дар мулоқот ҳамчунин муҳокимаи масъалаи имконоти сохтмони роҳи оҳан миёни кишварҳо, таъсиси шабакаи телевизионии муштарак, ҳамкориҳои фарҳангӣ ва таҷлили ҷашни 1150-умин солгарди асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷики Абӯабдулло Рӯдакӣ низ ба нақша гирифта шудааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.