Ҷорисозии мораторияи санҷиши фаъолияти соҳибкории хурду миёна ба ташаккулёбии буҷет халал хоҳад расонд, – назари иқтисодчӣ

Date:


Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Коршиноси мустақили соҳаи иқтисод Рустам Ҷабборов бар ин назар аст, ки эълони мораторияи дусолаи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна ба коҳиш ёфтани воридшавии ҳаҷми маблағҳои буҷетӣ аз андоз боис шуда метавонад.




«Тибқи маълумоти расмӣ, соли 2007 60 дарсади маблағҳои андози буҷети давлатӣ ба соҳаи соҳибкории хурду миёна рост меояд, – таъкид сохт ӯ. – Аз ин рӯ, шояд дар ду соли оянда воридшавии ин маблағҳо душвор гардад».



Иқтисодчӣ изҳор дошт, ки дар Қирғизистон чунин мораторий аз моҳи апрел то моҳи декабр эълон шудааст ва аллакай ҳукумати ин кишвар аз коҳиши воридшавии миқдори зиёди маблағҳо ба буҷети давлатӣ изҳори нигаронӣ намудааст.



«Мумкин аст дар натиҷаи ҷоришавии моратория инчунин ба бахши иҷтимоии буҷет, аз ҷумла соҳаи маориф, тандурустӣ ва молиягузории сохтмони иншооти бузурги гидроэнергетикӣ зарар расонида шавад», – гуфт мусоҳиб.



Коршинос зикр кард, ки бояд санади махсусе таҳия гардад, ки усули мушаххаси тарзи амалкарди мораторияро муайян созад. «Барои намуна, дар Қирғизистон чунин муқаррароте амал дорад, ки тибқи он соҳибкорони хурду миёнае, ки нақшаи андозро ба андозаи 30 дарсад зиёдтар ба иҷро мерасонанд, тафтиш карда намешаванд», – таъкид кард коршинос.



«Бинобар он мо бояд ҳаддеро муайян намоем, ки ҳам манфиати соҳибкор ҳимоя гардаду ҳам ӯ имкон надошта бошад, ки аз моратория сӯиистифода кунад», – баён дошт дар анҷом Р.Ҷабборов.




 


 



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...