Ҷорисозии мораторияи санҷиши фаъолияти соҳибкории хурду миёна ба ташаккулёбии буҷет халал хоҳад расонд, – назари иқтисодчӣ

Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Коршиноси мустақили соҳаи иқтисод Рустам Ҷабборов бар ин назар аст, ки эълони мораторияи дусолаи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна ба коҳиш ёфтани воридшавии ҳаҷми маблағҳои буҷетӣ аз андоз боис шуда метавонад. «Тибқи маълумоти расмӣ, соли 2007 60 дарсади маблағҳои андози буҷети давлатӣ ба соҳаи соҳибкории хурду миёна рост […]

Далери Ғуфрон


Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Коршиноси мустақили соҳаи иқтисод Рустам Ҷабборов бар ин назар аст, ки эълони мораторияи дусолаи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна ба коҳиш ёфтани воридшавии ҳаҷми маблағҳои буҷетӣ аз андоз боис шуда метавонад.




«Тибқи маълумоти расмӣ, соли 2007 60 дарсади маблағҳои андози буҷети давлатӣ ба соҳаи соҳибкории хурду миёна рост меояд, – таъкид сохт ӯ. – Аз ин рӯ, шояд дар ду соли оянда воридшавии ин маблағҳо душвор гардад».



Иқтисодчӣ изҳор дошт, ки дар Қирғизистон чунин мораторий аз моҳи апрел то моҳи декабр эълон шудааст ва аллакай ҳукумати ин кишвар аз коҳиши воридшавии миқдори зиёди маблағҳо ба буҷети давлатӣ изҳори нигаронӣ намудааст.



«Мумкин аст дар натиҷаи ҷоришавии моратория инчунин ба бахши иҷтимоии буҷет, аз ҷумла соҳаи маориф, тандурустӣ ва молиягузории сохтмони иншооти бузурги гидроэнергетикӣ зарар расонида шавад», – гуфт мусоҳиб.



Коршинос зикр кард, ки бояд санади махсусе таҳия гардад, ки усули мушаххаси тарзи амалкарди мораторияро муайян созад. «Барои намуна, дар Қирғизистон чунин муқаррароте амал дорад, ки тибқи он соҳибкорони хурду миёнае, ки нақшаи андозро ба андозаи 30 дарсад зиёдтар ба иҷро мерасонанд, тафтиш карда намешаванд», – таъкид кард коршинос.



«Бинобар он мо бояд ҳаддеро муайян намоем, ки ҳам манфиати соҳибкор ҳимоя гардаду ҳам ӯ имкон надошта бошад, ки аз моратория сӯиистифода кунад», – баён дошт дар анҷом Р.Ҷабборов.




 


 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.