Ифтитоҳи Намоишгоҳи Миллии Чин дар Душанбе

Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи миллии Чин таҳти унвони «Тиҷорат ва сармоягузории Чин ва Тоҷикистон» ифтитоҳ шуд, ки дар он беш аз 70 корхонаву ширкатҳои ин давлат маҳсулоти худро ба маърази тамошо мегузоранд. Бино ба иттилои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, намоишгоҳ майдони 2 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифта, […]

Мавҷуда Ҳасанова/Далери Ғуфрон


Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи миллии Чин таҳти унвони «Тиҷорат ва сармоягузории Чин ва Тоҷикистон» ифтитоҳ шуд, ки дар он беш аз 70 корхонаву ширкатҳои ин давлат маҳсулоти худро ба маърази тамошо мегузоранд.




Бино ба иттилои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, намоишгоҳ майдони 2 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифта, дар он маҳсулоти беш аз 70 корхонаву ширкат аз 6 вилояти Чин ба намоиш гузошта шудааст.



Дар намоишгоҳ маҳсулоти ширкатҳои маъруфи Чин, аз қабили «ТВЕА» (таҷҳизоти вазнини сохтмонӣ ва техникӣ), «Ямала» (сарулибос барои кӯдакон), «


ZTE


» (таҷҳизот ва техникаи телекоммуникатсионӣ), «Хуавей» (техникаи телекоммуникатсионӣ) ва таҷҳизоти техникиву тарҳҳои сохтмонии ширкати умумичинии сохтмони роҳу купрӯкҳо ба маърази тамошо гузошта хоҳад шуд.



Намоишгоҳ аз ҷониби Вазорати тиҷорати Чин, ҳукумати Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва санати Тоҷикистон созмон дода шуда, ҳукумати Чин ҷиҳати баргузории он 2 млн. юани чинӣ маблағ ҷудо кардааст.



Коршиносон бар ин назаранд, ки баргузории намоишгоҳ ба густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Чин такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Дар намоишгоҳ таҷҳизоти техникӣ ва механикии тракторҳо, истихроҷи маъдани кӯҳӣ, телекоммуникатсионӣ, роҳсозиву сохтмон, маишиву техникаи рақамӣ, автомобилҳо ва қисмҳои эҳтиётии он, мошинаҳои кишоварзӣ, маҳсулоти саноати сабук ва маводи ғизоӣ пешкаши тамошобинон мешавад. Намоишгоҳ то 1-уми август идома хоҳад ёфт.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.