Ширкати фаронсавии «Planet Rating» ба фаъолияти «Бонки Эсхата» баҳои баландро сазовор донист

           Душанбе. 30-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ширкати рейтингии Фаронса « Planet Rating » аз фаъолияти «Бонки Эсхата» дар соли 2007 натиҷагирӣ намуд. Ба иттилои сомонаи расмии бонк, тибқи меъёрҳои байнулмилалӣ ба фаъолияти бонк баҳои баланд сазовор дониста шуда, он мӯътадил будани вазъи молиявӣ ва рушди мустақими бонкро нишон медиҳад. Ба гуфтаи сариқтисодчии шӯъбаи тиҷорати […]

Виктория Наумова




          



Душанбе. 30-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ширкати рейтингии Фаронса «


Planet




Rating


» аз фаъолияти «Бонки Эсхата» дар соли 2007 натиҷагирӣ намуд. Ба иттилои сомонаи расмии бонк, тибқи меъёрҳои байнулмилалӣ ба фаъолияти бонк баҳои баланд сазовор дониста шуда, он мӯътадил будани вазъи молиявӣ ва рушди мустақими бонкро нишон медиҳад.



Ба гуфтаи сариқтисодчии шӯъбаи тиҷорати байнулмилалии Бонк Масрур Эшонов, натиҷагирӣ мувофиқи усули


GIRAFE




баргузор шуд, ки дар он нишондиҳандаҳои тарзи идоракунӣ, ҳисобот, таъмини иттилоотӣ, хавфҳо ва молиягузорӣ (дараҷаи мӯътадилии таъмини молиявии амалиётҳои бонк) мавриди омӯзишу санҷиш қарор гирифтанд.



Дар иттилои бонк ҳамчунин гуфта мешавад, ки баргузории санҷиши рейтингӣ ба шаффофияти фаъолияти молиявӣ ва ҷалби сармоягузорӣ мусоидат кардааст.



Зикр мегардад, ки ин санҷиши дуввуми рейтинги бонк буда, соли гузашта ширкати Ҳиндустон


MCRIL


аз он натиҷагирӣ намуда буд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.