Вазорати рушди байнулмилалии Британия минбаъд низ судҳои ҳакамиро дар Тоҷикистон дастгирӣ хоҳад кард

Душанбе. 30-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Кӯлоб чанде қабл кормандони намояндагии Вазорати рушди байнулмилалии Британия ( DFID ) дар Тоҷикистон бо мири шаҳр Ҳамид Абдуллоев, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма вохӯриву мулоқот доир намуданд. Роҳбари намояндагӣ Дилан Виндер ( Dylan Winder ) изҳор дошт, ки тайи се сол DFID барои амалисозии […]

Турко Дикаев


Душанбе. 30-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Кӯлоб чанде қабл кормандони намояндагии Вазорати рушди байнулмилалии Британия (


DFID


) дар Тоҷикистон бо мири шаҳр Ҳамид Абдуллоев, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма вохӯриву мулоқот доир намуданд.




Роҳбари намояндагӣ Дилан Виндер (


Dylan




Winder


) изҳор дошт, ки тайи се сол


DFID




барои амалисозии лоиҳаи рушди фаъолияти судҳои ҳакамӣ дар Тоҷикистон ва таъсиси 10 маркази дастгирии ҳуқуқии «Арбитраж» 1 млн. 303 ҳазор фунт стерлинг маблағгузорӣ кард.



«Маблағҳои мазкур беҳуда сарф нашуданд, – гуфт ӯ. – Аз 1-уми апрели соли 2008 дар ҷумҳурӣ Қонуни ҶТ «Дар бораи судҳои ҳакамӣ» амал мекунад ва марказҳо 1500 баҳсҳоро бидуни дахолати додгоҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ризоияти тарафайн ҳал карданд».



Мавсуф ҳамзамон зикр кард, ки минбаъд низ фаъолияти судҳои ҳакамӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби намояндагӣ дастгирӣ хоҳанд ёфт ва дар буҷаи панҷсолаи


DFID


ба рушди хоҷагиҳои деҳот ва бахши хусусӣ низ афзалият дода мешавад.



Д.Виндер таъкид сохт, ки агар дар маҳалҳо мардум ба воситаҳои дигари ҳалли баҳсҳо ҷуз додгоҳу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне судҳои ҳакамӣ дастрасӣ надошта бошанд, амалисозии лоиҳаҳои номбурда хеле мушкил мегардад. «Бо мавриди амал қарор гирифтани Қонуни ҶТ «Дар бораи судҳои ҳакамӣ» гуфтан мумкин аст, ки мақомоти давлатӣ низ бо он сарукор хоҳанд гирифт, – афзуд ӯ. – Аз ин рӯ, ҷиҳати барқарор сохтани робита бо онҳо ва дигар созмонҳои байнулмилалии марбута кӯшиш ба харҷ хоҳем дод».


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.