Сокини Темурмалик дар ҳавлии шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия худро овехт

Кӯлоб. 30-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми рӯзи гузашта дар ҳавлии шӯъбаи корҳоии дохилии ноҳияи Темурмалик сокини ин ноҳия даст ба худкушӣ даст зад. Ӯ ба гумони даст доштан ба дуздии чорвои хусусӣ ба шӯъба оварда шуда буд. Муовини додситони вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, мушовири адлияи дараҷаи аввал Алфаттоҳ Розиқов дар сӯҳбат бо рӯзноманигори […]

Турко Дикаев


Кӯлоб. 30-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми рӯзи гузашта дар ҳавлии шӯъбаи корҳоии дохилии ноҳияи Темурмалик сокини ин ноҳия даст ба худкушӣ даст зад. Ӯ ба гумони даст доштан ба дуздии чорвои хусусӣ ба шӯъба оварда шуда буд.




Муовини додситони вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, мушовири адлияи дараҷаи аввал Алфаттоҳ Розиқов дар сӯҳбат бо рӯзноманигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки гумонбаршуда ба дуздиаш иқрор шуда, дар ин бора баёнот ҳам менависад ва сипас барои қазои ҳоҷат ба ҳавлии шӯъба баромада, дар муддати якчанд дақиқа худро меовезад. «Дар болои ҳоҷатхона арматураи ғафсе бо симҳои баста насб шудааст, ки ӯ аз он истифода намуда, даст ба худкушӣ задааст, – идома дод ӯ. – Далелҳои дуздии чор гов ва фурӯши он ба маблағи 4000 сомонӣ собит гаштанд».



Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, дар чаҳорчӯбаи он ҳамчунин ба амали кормандони шӯъба низ хулоса бароварда хоҳад шуд.




 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.