Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аҳли ҷомеаро даъват мекунад, ки ба фаъолияти «Салафия» роҳ надиҳанд

Date:


Душанбе. 30-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ёвари вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Шафоатов изҳор дошт, ки аҳли ҷомеаи Тоҷикистон бояд ба фаъолияти ҷараёни мазҳабии салафия роҳ надиҳанд, зеро он рӯз то рӯз густариш ёфта, минбаъд

 

метавонад аз ҷониби нерӯҳои ифротгаро истифода гардад ва ба амну суботи кишвар хатар эҷод намояд.




«Салафиён тарзи хоси эътиқод ба дину мазҳаб ва ҳаётро талқин месозанд ва то ҳол ба ҳеҷ амали ғайриқонуние даст назадаанд, – гуфт ӯ. – Аз нуқтаи назари маънавият ва ахлоқ ин ҷараён мӯҷиби хатар ба амнияти кишвар шуда метавонад, зеро имрӯзҳо аксари ҷавонон ба он пайваст мешаванд».



Мавсуф зикр кард, ки айни замон Шӯрои ҳамоҳангсози назди Додситонии кулл фаъолияти ин ҷараёнро мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор додааст.



Дар нишасти матбуотии ахир додситони кулли ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов чунин изҳори ақида намуд, ки «агар даст доштани салафиҳо дар фаъолияти зиддиконститутсионӣ собит гардад», додситонӣ ҷиҳати манъи фаъолияти он ва ба рӯйхати созмонҳои ифротгаро дохил кардани ин ҷараён ба Додгоҳи Олӣ муроҷиат хоҳад кард.



Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, айни замон беш аз 20 ҳазор нафар тоҷикистониён шомили ин ҷараёнанд, ки роҳбарии онро Муҳаммади Раҳматулло ба дӯш дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...