Чин лоиҳаи тавсеъаи роҳи мошингарди Қулма-Қарасу-Қирғизистонро маблағгузорӣ карданист

Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки сардори Департаменти савдои хориҷӣ ва ҳамкории иқтисодии ноҳияи мухтори Синтзян-Уйғури Чин Хэ Имин зимни мулоқот бо раиси палата Шарифи Саид пешниҳод кардааст, ки дар ҳамоиши сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) масъалаи тавсеъаи роҳи мошингарди Қулма-Қарасу-Қирғизистонро ба миён гузоранд. Ш.Саид […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки сардори Департаменти савдои хориҷӣ ва ҳамкории иқтисодии ноҳияи мухтори Синтзян-Уйғури Чин Хэ Имин зимни мулоқот бо раиси палата Шарифи Саид пешниҳод кардааст, ки дар ҳамоиши сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) масъалаи тавсеъаи роҳи мошингарди Қулма-Қарасу-Қирғизистонро ба миён гузоранд. Ш.Саид пешниҳодро дастгирӣ намуда, изҳор доштааст, ки масъалаи мазкур дар Шӯрои кории СҲШ, ки дар он ӯ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад, шояд мавриди муҳокима қарор гирад.




Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи имконоти рушди ҳамкории иттилоотиву электрониро низ баррасӣ карда, чунин изҳори назар намуданд, ки он ба таҳкими робитаҳо миёни доираи соҳибкории кишварҳо мусоидат хоҳад кард. Зикр гардид, ки айни замон дар Тоҷикистон беш аз 50 лоиҳаи муштарак дар соҳаҳои гуногун амалӣ мешаванд ва то имрӯз зиёда аз 40 корхонаи муштараки Тоҷикистону Хитой таъсис дода шуданд.



Бо назардошти аҳамияти баргузории намоишгоҳҳо дар рушди ҳамкориҳо, Ш.Саид пешниҳод кард, ки намоишгоҳи навбатии Қошғар соли 2009 дар ноҳияи Данғара гузаронида шавад.



Дар анҷоми вохӯрӣ ба меҳмонон якчанд СД-диски «Раҳнамо барои тоҷирон», ки аз маълумоти зарурӣ перомуни соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва шарҳи 176 лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, 525 корхонаву муассисоти кишвар ва қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон иборат аст, тақдим гардид.

 


 


 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.