Сарбанд низ бо гази маҳаллӣ таъмин мешавад

Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс»-«Паём» – Шаҳри Сарбанд аз ин ба баъд бо гази маҳаллӣ аз кони Қизилтумшуқ таъмин хоҳад шуд. Ба иттилои Қутбуддин Хоҷаев, сардори Корхонаи фаръиву байниноҳиявии «Қӯрғонтеппагаз», сохтмони шоҳқубури газгузар ба дарозии 5 километр бар асоси қарор ва маблағгузории КВД «Тоҷикгаз» анҷом меёбад. Лозим ба тазаккур аст, ки то ба ҳол   […]

root


Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс»-«Паём» – Шаҳри Сарбанд аз ин ба баъд бо гази маҳаллӣ аз кони Қизилтумшуқ таъмин хоҳад шуд.




Ба иттилои Қутбуддин Хоҷаев, сардори Корхонаи фаръиву байниноҳиявии «Қӯрғонтеппагаз», сохтмони шоҳқубури газгузар ба дарозии


5 километр

бар асоси қарор ва маблағгузории КВД «Тоҷикгаз» анҷом меёбад.



Лозим ба тазаккур аст, ки то ба ҳол

 

аҳолии шаҳри Сарбанд аз гази Ӯзбекистон истифода мебурданд ва ҳамон ҳам танҳо ду соат дар як шабонарӯз. Қимати истифода аз газ барои сокинони Сарбанд 17 сомонӣ муқаррар шудааст, аммо бо мавриди истифода қарор гирифтани шоҳқубури нав, ба манозили сарбандиҳо шабонарӯз ва бо қимати нисбатан дастраси 4 сомонию 25 дирам гази маҳаллии кони Қизилтумшуқи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ интиқол хоҳад ёфт.



Қарор аст, то ҷашни истиқлол сохтмони шоҳқубур ба итмом расида, ба ҷуз ширкати «ТоҷикАзот» шаҳри Сарбанд низ бо гази маҳаллӣ таъмин хоҳад шуд.

 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.