Дастаи олимпии Тоҷикистон озими Пекин шуд

Date:



 


Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Нимаи аввали рӯз дастаи Олимпии Тоҷикистон озими Пекин шуд. Субҳи имрӯз аъзои даста дар пояи муҷассамаи асосгузори адабиёти классики форсу тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ гулчанбар гузоштанд. Сипас дар фурудгоҳи пойтахт маросими гусели ботантанаи даста баргузор гашт, ки дар он намояндагони мақомоти давлатии соҳаи варзиши ҷумҳурӣ ва мухлисон иштирок доштанд.




Аз Кумитаи Милли Олимпии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки аз 31-уми июл то 8-уми август варзишгарони тоҷик барои одат кардан ба вақт ва шароити иқлимӣ дар деҳаи олимпӣ тамринҳои ниҳоӣ доир хоҳанд кард.



Интизор меравад, ки 4-уми август дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Чин вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов бо варзишгарони тоҷик баргузор мегардад. Рӯзи дигар дар деҳаи олимпӣ мири деҳа намояндагони Тоҷикистонро шодбош хоҳад гуфт.



Ёдрас мекунем, ки Бозиҳои Олимпӣ дар Пекин дар таърихи 9-уми август оғоз гардида, то 24-уми август идома меёбанд. Интизор меравад, ки дар маросими ифтитоҳи мусобиқот президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок хоҳад кард.


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон парчами Тоҷикистонро дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпии Пекин ба гурзандоз Дилшод Назаров боварӣ намуд.



Дар рӯзи нахустини оғози бозиҳо боксчии тоҷик Ҷаҳон Қурбонов ва камонвар Албина Камолиддинова ба мусобиқа шурӯъ мекунанд.




Бад-ин тартиб, то имрӯз 14 варзишгари Тоҷикистон дар 7 навъи варзиш дар Олимпиадаи Пекин шарафи кишварро ҳимоят хоҳанд кард. Ин варзишгарон Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ), Галина Митяева (варзиши сабук, гурзандозӣ), Расул Боқиев (дзюдо, то


73 кг

), Шералӣ Бозоров (дзюдо, то

81 кг

), Неъматуллоҳ Асронқулов (дзюдо, то

90 кг

), Виталий Корякин (гӯштии озод, то

60 кг

), Юсуф Абдусаломов (гӯштии озод, то

84 кг

), Шералӣ Достиев (бокс, то

48 кг

), Анвар Юнусов (бокс, то

51 кг

), Ҷаҳон Қурбонов (бокс, то

81 кг

), Екатерина Измайлова (шиноварӣ, тарзи озод,

50 м

), Алишер Чингизов (шиноварӣ, тарзи озод,

50 м

), Албина Камолиддинова (камонварӣ) ва Низом Сангов (вазнабардорӣ,

69 кг

) мебошанд.



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...