Дастаи олимпии Тоҷикистон озими Пекин шуд

  Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Нимаи аввали рӯз дастаи Олимпии Тоҷикистон озими Пекин шуд. Субҳи имрӯз аъзои даста дар пояи муҷассамаи асосгузори адабиёти классики форсу тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ гулчанбар гузоштанд. Сипас дар фурудгоҳи пойтахт маросими гусели ботантанаи даста баргузор гашт, ки дар он намояндагони мақомоти давлатии соҳаи варзиши ҷумҳурӣ ва мухлисон иштирок доштанд. […]

Далери Ғуфрон



 


Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Нимаи аввали рӯз дастаи Олимпии Тоҷикистон озими Пекин шуд. Субҳи имрӯз аъзои даста дар пояи муҷассамаи асосгузори адабиёти классики форсу тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ гулчанбар гузоштанд. Сипас дар фурудгоҳи пойтахт маросими гусели ботантанаи даста баргузор гашт, ки дар он намояндагони мақомоти давлатии соҳаи варзиши ҷумҳурӣ ва мухлисон иштирок доштанд.




Аз Кумитаи Милли Олимпии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки аз 31-уми июл то 8-уми август варзишгарони тоҷик барои одат кардан ба вақт ва шароити иқлимӣ дар деҳаи олимпӣ тамринҳои ниҳоӣ доир хоҳанд кард.



Интизор меравад, ки 4-уми август дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Чин вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов бо варзишгарони тоҷик баргузор мегардад. Рӯзи дигар дар деҳаи олимпӣ мири деҳа намояндагони Тоҷикистонро шодбош хоҳад гуфт.



Ёдрас мекунем, ки Бозиҳои Олимпӣ дар Пекин дар таърихи 9-уми август оғоз гардида, то 24-уми август идома меёбанд. Интизор меравад, ки дар маросими ифтитоҳи мусобиқот президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок хоҳад кард.


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон парчами Тоҷикистонро дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпии Пекин ба гурзандоз Дилшод Назаров боварӣ намуд.



Дар рӯзи нахустини оғози бозиҳо боксчии тоҷик Ҷаҳон Қурбонов ва камонвар Албина Камолиддинова ба мусобиқа шурӯъ мекунанд.




Бад-ин тартиб, то имрӯз 14 варзишгари Тоҷикистон дар 7 навъи варзиш дар Олимпиадаи Пекин шарафи кишварро ҳимоят хоҳанд кард. Ин варзишгарон Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ), Галина Митяева (варзиши сабук, гурзандозӣ), Расул Боқиев (дзюдо, то


73 кг

), Шералӣ Бозоров (дзюдо, то

81 кг

), Неъматуллоҳ Асронқулов (дзюдо, то

90 кг

), Виталий Корякин (гӯштии озод, то

60 кг

), Юсуф Абдусаломов (гӯштии озод, то

84 кг

), Шералӣ Достиев (бокс, то

48 кг

), Анвар Юнусов (бокс, то

51 кг

), Ҷаҳон Қурбонов (бокс, то

81 кг

), Екатерина Измайлова (шиноварӣ, тарзи озод,

50 м

), Алишер Чингизов (шиноварӣ, тарзи озод,

50 м

), Албина Камолиддинова (камонварӣ) ва Низом Сангов (вазнабардорӣ,

69 кг

) мебошанд.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.