Дар Тоҷикистон коршиносони Чин имконоти истихроҷ ва коркарди нуриҳои фосфориро меомӯзанд

Date:


Душанбе. 2-уми август. ОИ «Азия-Плюс – Ҷанде қабл дар мулоқоти намояндагони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва ширкати «ЮНАН ФОСФАТ КЕМИКАЛС ГРУПП»-и Чин масоили таҳкиму густариши ҳамкориҳои минбаъда дар бахши кишоварзӣ баррасӣ шуданд.




Сухангӯи вазорат Нарзулло Додобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ширкати чиноӣ яке аз ширкатҳои бузурги истеҳсолкунандаи нуриҳои минералӣ дар Чин мебошад.



«Намояндагони ширкат бо мушкилоти норасоии нуриҳои минералӣ дар бахши кишоварзии ҷумҳурӣ шинос гаштанд», – гуфт Н.Додобоев. Роҳбари ҳайати намояндагони Чин Ли Яоджи изҳор доштааст, ки онҳо ҷиҳати омӯзиши вазъи таъмини кишоварзон бо нуриҳои фосфорӣ ва имконоти истеҳсолу коркарди он ба кишвари мо омадаанд.



Намояндагони вазорати кишоварзии Тоҷикистон таъкид сохтанд, ки «бо назардошти талаботи зиёди соҳаи кишоварзии кишвар ба нуриҳои минералӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки истихроҷу коркарди фосфор дар Тоҷикистон мувофиқи мақсад аст».



Зикр гардид, ки ҳаҷми фосфоре, ки дар заводи кимиёи Ёвон истеҳсол мегардад, ҳамагӣ 30 фоизи талаботи кишоварзони ҷумҳуриро қонеъ месозад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...