Тоҷикистон се нафар шаҳрванди дар пайгарди қонунӣ қарордоштаро ба Ӯзбекистон медиҳад

Date:



             

Душанбе. 2-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Пагоҳ дар посгоҳи сарҳадии «Бародарӣ»-и шаҳри Турсунзода маросими аз ҷониби хадамоти махсуси Тоҷикистон ба ҳамтоҳои ӯзбек додани се нафар шаҳрванди дар пайгарди қонунии ин кишвар қарордошта баргузор мешавад.




Аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки иқдоми мазкур дар мулоқоти пешбинишудаи мақомоти Тоҷикистон бо мақомоти Кумитаи ҳифзи сарҳади назди Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон сурат хоҳад гирифт.



«Интизор меравад, ки дар мулоқот масоили ҳамкории хадамоти марзбонии кишварҳо баррасӣ хоҳанд шуд», – изҳор дошт манбаъ.



Нисбт ба се нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон сарчашма зикр кард, ки онҳо дар қаламрави кишварашон як қатор ҷиноёт содир намуда, ба Тоҷикистон паноҳ бурда буданд.



«Иқдоми мазкур аз нияти неки мо дарак медиҳад», – афзуд сарчашма. Дар доираи вохӯрӣ ҳамчунин вохӯрии рафиқонаи дастаҳои футболи мақомоти марзбонии кишварҳо таҳти шиори «Дӯстии бидуни марз» низ доир мегардад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...