«Тоҷикгаз» қисман қарзи Ӯзбекистонро пардохт кард

Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Тоҷикгаз» қисман қарзи истифодаи газро ба маблагӣ 3 миллион доллари амрикоӣ ба Ӯзбекистон пардохт намуд. Мудири кулли корхона Фатҳиддин Мӯҳсиддинов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки айни замон корхона боз 5 миллион доллари амрикоӣ аз Ӯзбекистон қарздор аст. «Қаблан ба Тоҷикистон дар як соат то […]

Виктория Наумова


Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Тоҷикгаз» қисман қарзи истифодаи газро ба маблагӣ 3 миллион доллари амрикоӣ ба Ӯзбекистон пардохт намуд.




Мудири кулли корхона Фатҳиддин Мӯҳсиддинов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки айни замон корхона боз 5 миллион доллари амрикоӣ аз Ӯзбекистон қарздор аст.



«Қаблан ба Тоҷикистон дар як соат то 10 ҳазор метри мукааб газ интиқол дода мешуд, айни замон бошад, он то 20 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад», – гуфт ӯ.



Мавсуф изҳор дошт, ки феълан газро дар ҳаҷми пурра

 

танҳо Корхонаи воҳиди давлатии «Талко» ва қисман КВД-и «Тоҷиксемент» истифода мебаранд.



Қарздорони асосии «Тоҷикгаз» ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи Тоҷик» ($2,7 млн.) ва КВД «Тоҷиксемент» ($1 млн.) мебошанд.




 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Таъсиси фонду додани унвон ва бо як чашм дидани расонаҳо. Ҳамовозиву пешниҳоди рӯзноманигорон ба мактуби Зафар Саидзода ба Эмомалӣ Раҳмон

Вазъияти расонаҳо дар майдони баҳс: “набояд ислоҳоти соҳаро ба мавқуф гузорем, то ба амнияти миллӣ хатар эҷод нашавад”.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.