Дар Душанбе Маркази панҷуми хизматрасонии муштариёни ширкати алоқаи MLT ифтитоҳ гардид

Date:


Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Душанбе Маркази панҷуми хизматрасонии муштариёни ширкати алоқаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи (ҶСП) «TT mobile» (бо нишони тиҷоратии MLT)





 

ифтитоҳ гардид.




Аз дафтари матбуоти ширкат ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки айни замон дар қаламрави ҷумҳурӣ 412 маркази дилерӣ ва нуқтаҳои зиёди дилерии фурӯш (159 нуқта дар шаҳри Душанбе) амал мекунанд.



Зикр гардид, ки шабакаи алоқаи ширкат дорои 200 ҳазор муштарии фаъол аст. Айни замон ширкати алоқа ба муштариён шаш нақшаи тарофавиро пешниҳод кардааст. Нақшаи «Навин» моҳи июни соли равон пешниҳод гардид. Мудири кулли ширкат Гулмаҳмад Қаюмов изҳор дошт, ки ахири соли 2006 теъдоди муштариён бо сатҳи воридшавии 6 фоиз ба 1 млн. расида, соли равон афзоиши он то 3 млн. бо сатҳи воридшавии 42 фоиз пешбинӣ шудааст.



Ба гуфтаи ӯ, тайи ду соли ахир ширкат ба муштариён сиёсати густардаи тарофавии пешниҳоди алоқаи сифатнок, боэътимод ва дастрасро роҳандозӣ намудааст. Ширкат ният дорад то нимаи соли 2009-ум хизматрасонии алоқаро дар 80 фоизи қаламрави кишвар ҷорӣ созад.





Маълумотнома:




75 фоизи саҳмияи ширкати

 



«TT-mobile»


ба оператори алоқаи «МегаФон»-и Русия ва 25 фоизи он ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи (ҶСК) «Тоҷиктелеком» тааллуқ дорад. Ширкат аз соли 2001 дар Тоҷикистон ба пешниҳоди хизматрасонии алоқаи мобилии навъи


GSM




дар диапазони 900/1800 Мгс оғоз кард. Соли 2005 МЛТ аввалин ширкате гардид, ки ба муштариён хизматрасонии 3


G


– занги видеоиро пешниҳод сохт.


 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...