Фаронса барои сохтмони истгоҳи мусофирбари фурудгоҳи шаҳри Душанбе 17 млн. евро қарзи имтиёзноки дарозмуддат ҷудо мекунад

Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Душанбе Протоколи байниҳукуматии Тоҷикистону Фаронса оид ба таъмини молиявии тарҳи сохтмони истгоҳ барои мусофирон дар фурудгоҳи шаҳри Душанберо вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва сафири Фаронса дар Тоҷикистон Оливйе Метлан Пелен ба имзо расониданд. Аз Вазорати молияи Тоҷикистон ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки тибқи санади […]

Виктория Наумова


Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» –


Имрӯз дар Душанбе Протоколи байниҳукуматии Тоҷикистону Фаронса оид ба таъмини молиявии тарҳи сохтмони истгоҳ барои мусофирон дар фурудгоҳи шаҳри Душанберо вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва сафири Фаронса дар Тоҷикистон Оливйе Метлан Пелен ба имзо расониданд.




Аз Вазорати молияи Тоҷикистон ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки тибқи санади имзошуда,


Фаронса барои сохтмони истгоҳи мусофирбари фурудгоҳи шаҳри Душанбе 17 млн. евро қарзи имтиёзноки дарозмуддат ҷудо мекунад. Қарз ба муддати 35 сол ва пардохти 0,15 фоизи солонаи мӯҳлати имтиёзноки 20 сола пешниҳод шудааст.



Арзиши маблағи умумии лоиҳа ба 24 млн. евро баробар аст, ки 17 млн. қарзи ҷониби Фаронса буда, 7 млн. еврои боқимондаро Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» сармоягузорӣ менамояд. Мӯҳлати амалисозии лоиҳа 2 сол муқаррар гардидааст.



Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри соли 2007 пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиаи Фаронса Эрве Морен изҳор дошта буд, ки Фаронса таҷдиди фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва сохтмони истгоҳи мусофирбарро дар он ба зимма гирифтааст.



«Ман сарвари давлати Тоҷикистонро мутмаин сохта будам, ки сохтмони истгоҳи мусофирбари фурудгоҳ соли 2008 шурӯъ хоҳад шуд ва минбаъд Тоҷикистон аз ин иншооти худ ифтихор хоҳад кард, – гуфт Э.Морен. – Дар фурудгоҳ муддати ду сол аст, ки 150 нафар коргарони Фаронса фаъолият доранд ва ҳамеша ба кӯмаку дастгирӣ омодаанд».


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.