Дар Душанбе Маркази панҷуми хизматрасонии муштариёни ширкати алоқаи MLT ифтитоҳ гардид

Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Душанбе Маркази панҷуми хизматрасонии муштариёни ширкати алоқаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи (ҶСП) «TT mobile» (бо нишони тиҷоратии MLT)   ифтитоҳ гардид. Аз дафтари матбуоти ширкат ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки айни замон дар қаламрави ҷумҳурӣ 412 маркази дилерӣ ва нуқтаҳои зиёди дилерии фурӯш (159 нуқта дар […]

Виктория Наумова


Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Душанбе Маркази панҷуми хизматрасонии муштариёни ширкати алоқаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи (ҶСП) «TT mobile» (бо нишони тиҷоратии MLT)





 

ифтитоҳ гардид.




Аз дафтари матбуоти ширкат ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки айни замон дар қаламрави ҷумҳурӣ 412 маркази дилерӣ ва нуқтаҳои зиёди дилерии фурӯш (159 нуқта дар шаҳри Душанбе) амал мекунанд.



Зикр гардид, ки шабакаи алоқаи ширкат дорои 200 ҳазор муштарии фаъол аст. Айни замон ширкати алоқа ба муштариён шаш нақшаи тарофавиро пешниҳод кардааст. Нақшаи «Навин» моҳи июни соли равон пешниҳод гардид. Мудири кулли ширкат Гулмаҳмад Қаюмов изҳор дошт, ки ахири соли 2006 теъдоди муштариён бо сатҳи воридшавии 6 фоиз ба 1 млн. расида, соли равон афзоиши он то 3 млн. бо сатҳи воридшавии 42 фоиз пешбинӣ шудааст.



Ба гуфтаи ӯ, тайи ду соли ахир ширкат ба муштариён сиёсати густардаи тарофавии пешниҳоди алоқаи сифатнок, боэътимод ва дастрасро роҳандозӣ намудааст. Ширкат ният дорад то нимаи соли 2009-ум хизматрасонии алоқаро дар 80 фоизи қаламрави кишвар ҷорӣ созад.





Маълумотнома:




75 фоизи саҳмияи ширкати

 



«TT-mobile»


ба оператори алоқаи «МегаФон»-и Русия ва 25 фоизи он ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи (ҶСК) «Тоҷиктелеком» тааллуқ дорад. Ширкат аз соли 2001 дар Тоҷикистон ба пешниҳоди хизматрасонии алоқаи мобилии навъи


GSM




дар диапазони 900/1800 Мгс оғоз кард. Соли 2005 МЛТ аввалин ширкате гардид, ки ба муштариён хизматрасонии 3


G


– занги видеоиро пешниҳод сохт.


 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.