Дар арафаи ҳамоиши СҲШ роҳбарони сохторҳои бахши энергетикаи Тоҷикистону Афғонистону Эрон дар Душанбе мулоқот хоҳанд кард

Date:


Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Роҳбарони сохторҳои бахши энергетикаи кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон ният доранд, рӯзҳои наздик дар шаҳри Душанбе мулоқот кунанд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи Тоҷик» изҳор доштанд, айни замон ҷонибҳо мӯҳлати доир намудани вохӯриро муайян месозанд ва интизор меравад, ки он дар арафаи ҳамоиши Созмони Ҳамкории Шанхай Дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.



Бино ба иттилои манбаъ, роҳбарони сохторҳои энергетикаи кишварҳо масоили Созишномаи аз ҷониби Афғонистон харидории нерӯи барқи Тоҷикистон ва хати интиқоли барқи 220 кВ «Сангтӯда-1-Пули Хумрӣ»-ро, ки тавассути он нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол дода мешавад, мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.



Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи созишномаи байниҳукуматӣ оид ба таҳияи лоиҳаи хати интиқоли барқи Осиёи Марказӣ-Осиёи Ҷанубӣ-1000 ва рушди минбаъдаи бозори энергетикии ин минтақаро, ки дар Исломобод ба имзо расид, низ муҳокима хоҳанд кард. Дар амалисозии лоиҳа давлатҳои Покистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок мекунанд.




ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...