Имрӯз Ҳизби Демократи Тоҷикистон 18-сола шуд

Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз Ҳизби Демократи Тоҷикистон 18-умин солгарди таъсисёбиашро ҷашн мегирад. Ба ин муносибат дар дафтари кории марказии ҳизб дар шаҳри Душанбе фаъолони ҳизб аз вилояти Хатлон, минтақаи Рашт ва шаҳри Хоруғ ҷамъ омаданд. Ҳамчунин котиби аввали сафорати Русия дар Тоҷикистон Александр Куликов ва намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар […]

Далер Ғуфронов






Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз Ҳизби Демократи Тоҷикистон 18-умин солгарди таъсисёбиашро ҷашн мегирад.



Ба ин муносибат дар дафтари кории марказии ҳизб дар шаҳри Душанбе фаъолони ҳизб аз вилояти Хатлон, минтақаи Рашт ва шаҳри Хоруғ ҷамъ омаданд. Ҳамчунин котиби аввали сафорати Русия дар Тоҷикистон Александр Куликов ва намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе низ ба ин ҷо ташриф оварда, демократҳоро табрик карданд. Демократҳои вилояти Суғд ин санаро дар шаҳри Хуҷанд ҷашн гирифтанд.



Ёдрас мекунем, ки Анҷумани ташкилии Ҳизби Демократи Тоҷикистон 10-уми августи соли 1990 баргузор гардид. Раиси нахустини ҳизб Шодмон Юсуф интихоб гардид, ки феълан дар Австрия зиндагӣ мекунад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.