Дар арафаи ҳамоиши СҲШ роҳбарони сохторҳои бахши энергетикаи Тоҷикистону Афғонистону Эрон дар Душанбе мулоқот хоҳанд кард

Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Роҳбарони сохторҳои бахши энергетикаи кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон ният доранд, рӯзҳои наздик дар шаҳри Душанбе мулоқот кунанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи Тоҷик» изҳор доштанд, айни замон ҷонибҳо мӯҳлати доир намудани вохӯриро муайян месозанд ва интизор меравад, ки он дар арафаи ҳамоиши Созмони […]

Виктория Наумова


Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Роҳбарони сохторҳои бахши энергетикаи кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон ният доранд, рӯзҳои наздик дар шаҳри Душанбе мулоқот кунанд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи Тоҷик» изҳор доштанд, айни замон ҷонибҳо мӯҳлати доир намудани вохӯриро муайян месозанд ва интизор меравад, ки он дар арафаи ҳамоиши Созмони Ҳамкории Шанхай Дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.



Бино ба иттилои манбаъ, роҳбарони сохторҳои энергетикаи кишварҳо масоили Созишномаи аз ҷониби Афғонистон харидории нерӯи барқи Тоҷикистон ва хати интиқоли барқи 220 кВ «Сангтӯда-1-Пули Хумрӣ»-ро, ки тавассути он нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол дода мешавад, мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.



Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи созишномаи байниҳукуматӣ оид ба таҳияи лоиҳаи хати интиқоли барқи Осиёи Марказӣ-Осиёи Ҷанубӣ-1000 ва рушди минбаъдаи бозори энергетикии ин минтақаро, ки дар Исломобод ба имзо расид, низ муҳокима хоҳанд кард. Дар амалисозии лоиҳа давлатҳои Покистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок мекунанд.




Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.