Дар таъхир афтодани иҷрои парвозҳо ба хатсайрҳои Русия терминали байнулмилалии якуми Хуҷанд гунаҳкор нест, – К.Аҳмедов

Date:


Хуҷанд. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар таъхир афтодани парвозҳо ба хатсайрҳои Русия рӯзҳои ахир терминали байнулмилалии Хуҷанд гунаҳкор нест.

 

Директори терминали якуми Ҷамъияти саҳомии кушоди «Нурафшон» Карим Аҳмедов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки шаби 7-ум ба 8-уми август парвози ҳавопаймо ба хатсайри «Хуҷанд-Маскав», ки онро Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷикэйр» ба ӯҳда дорад, ба таъхир афтодааст. «Ҳудуди 170 нафар мусофирон шабро дар толори интизорӣ рӯз карданд, – гуфт ӯ. – Намояндагони ширкати ҳавопаймоӣ ба онҳо эътиборе надода, бо хӯрок таъмин накарданд ва иллати боздошти парвози ҳавопайморо ҳам касе ба онҳо шарҳ надод».




Чунин ҳолат 8-уми август зимни парвози ҳавопаймои хатсайри Хуҷанд Санкт-Петербург низ рух дод, ки парвози он аз соати 7-и субҳ то 7-и бегоҳ мавқуф гузошта шуд ва ин парвоз низ ба дӯши корхонаи «Тоҷик Эйр» вогузор гашта буд.



«Мусофирон ба роҳбарияти терминал арзу шикоят бурданд, вале гап сари он аст, ки мо ба иҷрои парвозҳои ҳавопаймоҳои мусофирбар масъул нестем, инро бояд ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба анҷом расонанд, – гуфт К.Аҳмедов. – Дар навбати худ, мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки сатҳи хизматрасониро баланд намоем ва бо дарназардошти ба таъхир афтодани парвозҳо мо дар терминал утоқҳои шустушӯӣ омода сохтем, то мусофирон аз он бемалол истифода баранд».



Аз терминал ҳамчунин иттилоъ доданд, ки парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Русия низ гоҳ-гоҳ ба таъхир меафтанд, вале ин он қадр назаррас нест.


 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...