Имрӯз Ҳизби Демократи Тоҷикистон 18-сола шуд

Date:






Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз Ҳизби Демократи Тоҷикистон 18-умин солгарди таъсисёбиашро ҷашн мегирад.



Ба ин муносибат дар дафтари кории марказии ҳизб дар шаҳри Душанбе фаъолони ҳизб аз вилояти Хатлон, минтақаи Рашт ва шаҳри Хоруғ ҷамъ омаданд. Ҳамчунин котиби аввали сафорати Русия дар Тоҷикистон Александр Куликов ва намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе низ ба ин ҷо ташриф оварда, демократҳоро табрик карданд. Демократҳои вилояти Суғд ин санаро дар шаҳри Хуҷанд ҷашн гирифтанд.



Ёдрас мекунем, ки Анҷумани ташкилии Ҳизби Демократи Тоҷикистон 10-уми августи соли 1990 баргузор гардид. Раиси нахустини ҳизб Шодмон Юсуф интихоб гардид, ки феълан дар Австрия зиндагӣ мекунад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...