Расул Боқиев дар Олимпиада-2008 соҳиби медали биринҷӣ гардид

Date:


Душанбе. 12-август – Расул Боқиев дар Олимпиада-2008 дар вазни то


73 килограмм

оид ба дзюдо соҳиби медали биринҷӣ гардид.


Вай 11-уми август дар сабқати гуштии дзюдо дар вазни то

73 кг

нахуст бар гуштигири Конго Эрик Кибанза дастболо шуд. Сипас бар варзишгари Укроин Геннадий Билодид ва намояндаи Чин Си Риҷигава ғолиб омад.





 


          

Вале барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон Расул Боқиев дар рақобати ниманиҳоӣ аз қаҳрамони феълии ҷаҳон Ки Чун Ванг, аз Куриёи Ҷанубӣ, мағлуб гардид. Паҳлавони тоҷик барои ҷои севум рақибаш қаҳрамони Аврупо Ван Тичелт Диркро шикаст дод.




 


          

Дар даври ниҳоӣ Элнур Маммадлии озарӣ бар Ки Чун Ванг, аз Куриёи Ҷанубӣ, дастболо шуда, соҳиби медали тилло шуд. Ки Чун Ванг бо медали нуқра сарфароз гашт.




 


          

Расул Боқиев ва Леандро Гуилҳейрои бразилӣ ҷойҳои севумро касб карда, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.



Бояд тазаккур дод, ки ин аввалин медали олимпичиёни тоҷик дар тӯли 16 соли ахири ширкати варзишгарони кишвар дар Бозиҳои олимпӣ ба шумор меравад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...