Дар Суғд ба баргузории маъракаи барӯйхатгирии аҳолии соли 2010 омодагӣ мегиранд

Хуҷанд. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Директори корхонаи хоҷагию манзилии вилояти Суғд Носир Акмалов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки хадамоти коммуналии вилояти Хуҷанд ба баргузории маъракаи барӯйхатгирии соли 2010 омодагӣ мегиранд ва бо ин мақсад лавҳаҳои рақам ва номи кӯчаву хиёбон ва хонаҳоро иваз мекунанд. «То 1-уми июл мо дар 1 ҳазору 527 […]

Бахтиёр Валиев


Хуҷанд. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Директори корхонаи хоҷагию манзилии вилояти Суғд Носир Акмалов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки хадамоти коммуналии вилояти Хуҷанд ба баргузории маъракаи барӯйхатгирии соли 2010 омодагӣ мегиранд ва бо ин мақсад лавҳаҳои рақам ва номи кӯчаву хиёбон ва хонаҳоро иваз мекунанд.




«То 1-уми июл мо дар 1 ҳазору 527 кӯчаҳои шаҳру навоҳии вилоят лавҳаҳои нав гузошта, 55 ҳазору 253 хонаҳои истиқоматиро рақамгузорӣ намудем, – гуфт ӯ. – Дар шаҳри Хуҷанд дар 24 кӯчаҳо лавҳаҳои нави оҳанӣ гузошта шуданд». Ӯ афзуд, ки аз ҳама бештар (439 кӯча ва 13 ҳазору 249 хонаҳои истиқоматӣ)

 

дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров номи кӯчаву рақами хонаҳо нав карда шуданд. Корҳо аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва қисман корхона ба иҷро расиданд.



Мавсуф зикр кард, ки аксари лавҳаҳо ҳангоми ба қаламрави вилоят ворид гаштани гурӯҳи М.Худойбердиев канда шуда буданд, то барои онҳо дар ошкор сохтани нишониву макон мушкил эҷод созанд, вале акнун ин лавҳаҳо ба масъулони баргузории барӯйхатгирии аҳолӣ роҳнамои хубе хоҳанд шуд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.