Дар интихоботи миёндаврӣ дар Қӯрғонтеппа номзади ҲХДТ пирӯз шуд

Душанбе. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар интихоботи миёндаврӣ ба палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии рақами 26–и Қӯрғонтеппа, ки дар таърихи 10-уми августи соли равон доир гашт, номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) пирӯз шуд. Аз Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар он 6,4 ҳазор ё […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар интихоботи миёндаврӣ ба палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии рақами 26–и Қӯрғонтеппа, ки дар таърихи 10-уми августи соли равон доир гашт, номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) пирӯз шуд.




Аз Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар он 6,4 ҳазор ё худ 96 фоизи интихобкунандагон дар овоздиҳӣ иштирок карданд.



«Дар интихобот ду нафар номзад барои курсии вакилӣ бо ҳам рақобат карданд, – изҳор дошт манбаъ. – Номзади ҲХДТ, раиси Раёсати адлияи вилояти Хатлон Саодат Амиршоева ба дастёбии беш аз 95 фоизи райъи интихобкунандагон ноил гардид».




           

Ба иттилои сарчашма, номзади Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, соҳибкор Раъно Назирова 4,7 фоизи овози интихобкунандагонро соҳиб шудааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.