Дар Кӯлоб муштариёни «Тоҷиксодиртбонк» аз ҳисоби деҳқонон батадриҷ меафзояд

Кӯлоб. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар 7 моҳи соли ҷорӣ шӯъбаи дар Кӯлоб будаи «Тоҷиксодиротбонк» дар ҳамаи самтҳо ба маблағи 8 млн. 751 ҳазор сомонӣ қарз ҷудо кард. Сардори шӯъбаи бонк Абдукарим Неъматов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 3 млн. сомонӣ зиёдтар аст. […]

Турко Дикаев


Кӯлоб. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар 7 моҳи соли ҷорӣ шӯъбаи дар Кӯлоб будаи «Тоҷиксодиротбонк» дар ҳамаи самтҳо ба маблағи 8 млн. 751 ҳазор сомонӣ қарз ҷудо кард.




Сардори шӯъбаи бонк Абдукарим Неъматов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 3 млн. сомонӣ зиёдтар аст. Ба гуфтаи ӯ, дар Кӯлоб муштариёни «Тоҷиксодиртбонк» аз ҳисоби деҳқонон батадриҷ меафзояд.




           

Мавсуф мегӯяд, ки агар ба бахши соҳибкории хурду миёна ба маблағи умумии 4 млн. 460 ҳазору 111 сомонӣ қарз ҷудо шуда бошад, қарзи хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ ба 3 млн. 263 ҳазору 290 сомонӣ баробар шуд ва ин дар ҳолест, ки соли 2007 онҳо ҳамагӣ 10 фоиз аз ҳаҷми қарзи умумии пешибинишударо гирифта буданд.




           

А.Неъматов таъкид сохт чунин сатҳи афзоиш ба ҷорисозии механизми нави сармоягузории соҳаи пахтакорӣ марбут аст. «Ба 22 хоҷагии деҳқонии ноҳияҳои Восеъ, Кӯлоб ва Ҳамадонӣ барои парвариши пахта дар майдони 1 ҳазору


501 гектар

аз 3 млн. 916,5 ҳазор сомонии қарзи пешбинишуда дар соли 2008 аллакай 2 млн. 569 ҳазору 952 сомонӣ маблағҳо ихтисос дода шуданд», – баён дошт вай ва афзуд, ки дар додани қарз асосан аз маблағи пасандозҳои аҳолӣ истифода кардаанд.




           

Сардори шӯъбаи бонк ҳамчунин зикр кард, ки ҷиҳати рушди соҳаи саноат, нақлиёт, сохтмон ва алоқа бонк ба маблағи умумии 1 млн. 27 ҳазору 970 сомонӣ қарзҳои хурд ҷудо кардааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.